Табодули таҷриба

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мутахассисони техникии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти Федералии Россия дар масъалаҳои такмили механизми муболаи маълумоти омори гумрукӣ оид ба савдои дуҷониба, инчунин, ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили таҷҳизонидани техникӣ ва тайёрии Хадамоти гумрук ба амалӣ гардидани мубодилаи иттилоот тавассути шабакаҳои техникии алоқа баргузор гардид.

 

 

 

 

Дар вохӯрии мазкур аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Додоҷонов Умед сардори Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона, Шукуров Зафар муовини сардори Маъмурияти мазкур, Косяненко Дмитрий сарнозири Раёсати таҳлил ва омори гумрукӣ, инчунин, намояндагони Хадамоти Федералии гумруки Россия В. Корнеенко нозири калони Раёсати технологияҳои иттилоотӣ, В. Соколов сарнозири Раёсати иттилоотию техникӣ ва А. Сердитов сардори Раёсати иттилоотию техникӣ иштирок намуданд.

 

 

Тавре ҷонибҳо иброз намуданд, гузаронидани чунин вохӯриҳо аз манфиат холӣ набуда, барои пешбурди фаъолияти соҳа нақши муаасир хоҳад гузошт.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

freejoomlatemp.ru