Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Бо мақсади арҷгузорӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва таблиғу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар бораи забон, имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба гиромидошти забони тоҷикӣ доир гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ муовини Сардори Хадамоти гумрук полковники хадамоти гумрук, Турсунзода Азим Ҳайдар, муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Матробиён Саодатшо Қосимзода ва кормандони воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук иштирок намуданд.

 

 

Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки забон на танҳо воситаи баёни фикру андеша, балки нишона ва арзиши миллии ҳар як миллату давлат аст. Забони тоҷикӣ таърихи бою қадима дошта, шахсиятҳои бузург ва адибону таърихнигорони барҷаста бо ин забон асарҳои худро навиштаву бо ин тамаддуну фарҳанг дар ақсои олам эътибори хоса доранд.

 

 

Муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Матробиён Саодатшо дар баромади худ таъкид бар он дошт, ки эҳтиром ба забони тоҷикӣ эҳтиром ба Модар-Ватан аст. Забони тоҷикӣ-шиноснома ва яке аз волотарин муқаддасоти миллӣ мебошад. Ба қавли Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забон яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, баробари тамаддуни ҷаҳонӣ рушд менамояд. Забони адабии тоҷик решаҳои амиқ дар таърихи чандҳазорсолаи инсоният дорад. Китобҳои бузург ва мондагоре, ба мисли “Авасто”, “Шоҳнома”, “Маснавии маънавӣ ” бо ин забон нигошта шудаанд ва дар пешрафти тафаккур ва фарҳанги башар саҳми бузург доранд.

Пас, донистани қадри забони модарӣ нишонаи баланди худшиносиву ватандӯстист ва мо барандагони ин забони куҳанбунёд бояд баҳри тозаву беолоиш ҳифз намудани он масъулият эҳсос намоем ва насли наврасро дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем.

 

 

Инчунин, Матробиён Саодатшо изҳор намуд, ки байни Хадамоти гумрук ва Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ба роҳ монда шуда, дар таҳрири “Номгӯи миллии молии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ”, ки аз ҷониби Хадамоти гумрук таҳия гардидааст, мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолона иштирок варзиданд. Таҳияи Номгӯи миллии мазкур бо забони тоҷикӣ, яке аз заминаҳои устувории забони давлатӣ мегардад.

Дар хотима муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар ҳозиринро бори дигар бо Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбӣ таманно намуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru