Баррасии масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 14-уми феврали соли равон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро баргузор гардид.

Зимни мулоқоти расмӣ, ҷонибҳо бо вазъи кунунии муносибатҳои дӯстонаи ду кишвари бо ҳам дӯст - Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бахши фаъолияти гумрукӣ, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Созмони умуиҷаҳонии гумрук ва Созмони умумиҷаҳонии савдо ба роҳ монда шудааст, аҳамияти махсус дода, масъалаҳои транзитӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб зимни баромади худ иброз дошт, ки Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода бурда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон фароҳам меоварад.

Инчунин, дар назар аст, лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои гумрукӣ таҳия гардида, тавассути роҳҳои дипломатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои мувофиқа ирсол карда шавад.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар навбати худ изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш сайъ хоҳад намуд.

 

 

Маврид ба зикр аст, ки дар вохӯрии мазкур инчунин, Консули Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рашид Ҷовид ва сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҷӯрабекзода Э.Т., сардори Раёсати ташкили назорати гумрукӣ Абдуқодирзода Ҷ.К. ва сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ Зайдуллоев И.Т. ширкат варзиданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru