Мақсад - пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири ҳамин раёсат Маҷидӣ Абдукарим Асрориён бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

 

 

Ҷамъомадро муовини Сардори Хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук Сайдализода Сӯҳроб Қурбон ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мавзӯи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикорупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

 

 

Сипас, сардори Раёсати 2-юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода оид ба бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва нақшаи чорабиниҳои Сарраёсати мазкур ибрози назар намуд.

 

 

Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим Асрориён зимни суханронии худ иброз дошт, ки ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар ин ҷода ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш дода, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзанда гузорем.

 

 

 

Дар ҷамъомад, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқукӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

 

 

Дар охир масъулини Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳодгардида посухи мушаххас гардониданд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru