Ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

2-юми марти соли равон муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар бо ҷаноби Ҳидеки Танабе – Роҳбари навтаъйиншудаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), мулоқот доир намуд.

Нахуст муовини Сардори Хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар меҳмононро бо вазъи фаъолияти кунунии мақомоти гумруки Тоҷикистон ва сатҳи ҳамкориҳои Хадамоти гумрук бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA), шинос намуд.

 

 

Номбурда дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи ҳамкориҳои худро бо Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) тавсеа бахшида, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши омода намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва ҷалби кӯмакҳои техникӣ ҳавасманд мебошад.

 

 

Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Ҳидеки Танабе зимни суханронии худ омодагии хешро барои расонидани кӯмакҳои техникӣ, омӯзиш ва такмили ихтисоси соҳаи гумрукӣ баён намуд.

 

 

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд, аз ҷумла, фаро гирифтани мутахассисони мақомоти гумрук барои такмили ихтисос дар мавзӯъҳои «Татбиқи сиёсати гумрукӣ дар сатҳи минтақавӣ» ва «Маъмурикунонии гумрук дар манотиқи Осиёи Марказӣ ва Қавқоз» табодули назар намуданд.

Қайд карда шуд, ки дар доираи Лоиҳаи Барномаи Рушди СММ ва дастгирии Ҳукумати Ҷопон тавассути Лоиҳаи (JICA) барои идораи пурмаҳсули фаъолияти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Исломии Афғонистон, ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси рентгенӣ ва лавозимоти зарурӣ расонида мешавад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru