Рӯзи байналмилалии занон муборак!

Печать
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 7 - уми марти соли равон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсӣ маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Ҳамрозода Бӯрӣ Сармад ҳусни оғоз бахшида, аз номи Роҳбарияти мақомот ва номи худ ҳозиринро бо Рӯзи байналмилалии занон табрику таҳният гуфт.

 

 

 

Зимни баромади хеш номбурда афзуд, ки: «Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати қадру манзалати зан чунин қайд кардаанд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат ришта шудааст. Худованд ба Зан - модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад»».

 

 

Лозим ба ёдоварист, ки феълан дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 нафар занон дифои вазифа доранд ва баҳри амнияти иқтисодӣ, фарҳангӣ ва муҳити зист дар баробари мардон талош меварзанд.

 

 

Сипас, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ, полковники хадамоти гумрук Зайдуллоев Иззатулло, сардори шуъбаи Раёсати ташкилию бозрасӣ, полковники хадамоти гумрук Чиллаев Хуршед Искандарович ва сардори шуъбаи ҳуқуқи Раёсати таъмини ҳуқуқ, майори хадамоти гумрук Раҳимов Зуҳал Каримович баромад намуда, бонувони мақомоти гумрукро бо Рӯзи Модар табрику таҳният гуфтанд.

 

 

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru