Вохӯрии Абдуфатоҳи Ғоиб бо Аҳмад Рашод Пупал

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз, 28 - уми июни соли 2017 дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб бо Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Рашод Пупал баргузор гардид.

Дар ибтидо Сардори Хадамоти гумрук, муҳтарам Абдуфатоҳи Ғоиб меҳмонони олиқадрро барои ташрифашон ба Хадамоти гумрук хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки вохӯрии кории дуҷониба байни намояндагони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон пурсамар хоҳад буд. Ӯ аз ҷумла изҳор кард: «Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷиикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ аз 26 - уми марти соли 2014, ба роҳ монда шудааст.

Маҳз заминаи ҳуқуқии мазкур шароит фароҳам овард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сатҳи дахлдор ташаккул ёбад.



 

Хадамоти гумрук ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои гумрукӣ аз тамоми захираву имконоти мавҷуда истифода намуда, заминаи густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фароҳам меоварад.

Бахусус, бо мақсади густариш додани ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба ва амалӣ гардонидани Созишномаи мазкур Протоколи техникӣ дар бораи мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ санаи 30 - юми апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, дар низоми тестӣ татбиқ шуда истодааст.

 

 

Дар вохӯрии кории имрӯза, дар баробари ифтитоҳи расмии амали Шабакаи муштараки мубодилаи электронии маълумоти гумрукӣ байни мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, инчунин баррасии масъалаҳои тақвияти фаъолияти Системаи боркашони гумрукӣ байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷорӣ намудани механизми «Долони сабз» дар доираи системаи боркашони мазкур, дар назар аст.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам миннатдории худро ба Шумо ва дар симои Шумо ба мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ҳамкории самарабахш изҳор намоям».

 

 

Сардори Сарраёсати гумруки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Аҳмад Рашод Пупал дар навбати худ аз сатҳ ва раванди ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори қаноатмандӣ намуда, барои пазироии хуб миннатдорӣ баён дошт.

Дар рафти мубодилаи афкор Абдуфатоҳи Ғоиб ва Аҳмад Рашод Пупал паҳлуҳои нави ҳамкориҳои афзалиятноки дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Ҷаноби Аҳмад Рашод Пупалро Шамруз Хон Масҷидӣ - сардори шуъбаи фаврӣ (ACD), Ғулам Фаруқ Набизада - мутахассис оид ба транзити гумрукӣ (USAID ATAR), Реза Муҳаммадӣ - ҳамоҳангсози соҳавӣ (UNCTAD), Мортеза Какар мутахассис дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (ACD - UNCTAD), Муҳаммад Маляр Ҷабархел - роҳбари лоиҳаи (ASYCUDA) ва Ии Хонг Кие (Макс) - сармутахассис оид ба нақлиёт (USAID ATAR), ҳамроҳи мекунанд.

 

 

Боздиди ҳайати намояндагони Сарраёсати гумруки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз гумруки «Панҷи Поён» - и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон дар назар аст.

Тафсилоти бештар нашр мешавад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru