Вохӯрии навбатии кормандони Агентии коррупсия дар Хадамоти гумрук

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз дар толори Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода ва сарнозири ҳамин раёсат Маҷидӣ Абдукарим Асрориён бо ҳайати шахсии мақомоти гумрук баргузор гардид.

 

 

 

Ҷамъомадро сардори Раёсати ташкилию бозрасии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Бобоев Хуршед ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин суханронӣ намуд.

Сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим Асрориён оид ба рафти иҷроиши Нақша - чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», ки мутобиқи банди 4 – и Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – юми августи соли 2013, таҳти №1504 муқаррар гардида буд, бо пешниҳод оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида вобаста ба иҷроиши Стратегияи мазкур баромад намуд.

 

 

Сипас, сардори Раёсати 2 - юми Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода доир бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, моҳият ва ҳадафи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», хавфҳои коррупсия, роҳу усулҳои пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он шарҳ дода шуда, пешниҳод гардид, ки баҳри таъмини иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои он, пеш аз ҳама вазорату идораҳо ва шахсони воқеию ҳуқукӣ бештар талош варзида, корро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд.

 

 

 

Дар охири ҷамъомад масъулини Агентӣ ба саволҳои аз ҷониби иштирокчиёни вохӯрӣ пешниҳодгардида посухи мушаххас гардонида, баргузории ин гуна ҷамъомадҳоро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои муштарак байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомоти гумрук барои пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи номатлуб заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru