Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

Print
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳ. Ш. автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» рақами қайди давлатиаш 67 58 ВЕ 01-ро дар саҳни ҳавлии маркази савдои «Тоҷикистон» ҷойгир намуда, пинҳонӣ аз дохили автомашина барои мизоҷон телефонҳои мобилии гаронарзишро гирифта дар маркази савдои номбурда ба фурӯш мебаровардааст.

 

 

Ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили автомашинаи мазкур ба миқдори умумии 92 адад телефонҳои гаронарзиши тамғаҳои GALAXY ва HUAWEI дарёфт ва гирифта шуд.

Моли мазкур ба шаҳрванд Ҳ.Ш. тааллуқ дошта, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молро надорад.

 

 

Мутобиқи маълумотномаи Шуъбаи пардохтҳои гумрукӣ ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе арзиши гумрукии телефонҳо 251 ҳазору 262 сомониро ташкил медиҳад.

Доир ба ҳолати мазкур маводҳо дар истеҳсолоти корӣ ва мавриди чораҷӯӣ ҷиҳати таъмини ҷазои маъмурӣ қарор додад.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru