2704 ҳолати ҳуқувайронкунии гумрукӣ дар 6 моҳ

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Воҳидҳои сохтории Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016 2704 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукиро ошкор ва пешгирӣ намуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2015 114 ҳолат кам мебошад.

Аз ҳисоби умумии қонуншиканиҳои ба қайд гирифташуда дар маҷмӯъ 22 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла 2 ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, 13 ҷиноят оид ба қочоқи молу воситаҳои нақлиёт, 5 ҷиноят дар соҳаи фаъолияти гумрук ва 2 ҷинояти дигар дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор ошкор карда шудааст, марбут мебошад.

 

 

Оид ба 2682 ҳолати дигар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 120 ҳолат кам мебошад.

Аз рӯи 2682 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 2449 шахс , аз ҷумла 2162 шахси воқеӣ, 21 шахси мансабдор ва 266 шахси ҳуқуқӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар натиҷаи баррасии парвандаҳо ба маблағи 4 068 592 сомонӣ ҷарима баста, ба маблағи 4 063 300 сомонӣ ситонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботии соли гузашта 1 988 598 сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин ба маблағи 2 967 752 сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида ва ба маблағи 495 412 сомонӣ мол мусодира карда шудааст.

Аз миқдори умумии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ин давраи ҳисоботӣ 1153 парванда барои баррасӣ ба мақомоти судӣ ирсол шудааст.

freejoomlatemp.ru