Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ дар шаҳри Абу Забӣ

Print
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзҳои 12-13-уми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Абу Забӣ ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аз ҷумла, муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон иштирок намуданд.

 

 

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкию молиявӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди баррасии тарафҳо қарор дода шуд.

 

 

Ҳамзамон, дар ҷаласаи мазкур, аз ҷониби муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал – майори хадамоти гумрук Каримзода Хуршед Абдураҳмон ва роҳбари кулли Мақомоти федералии гумруки Амороти Муттаҳидаи Араб Моҳаммад Ҷума Буосаиба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ба имзо расонида шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

freejoomlatemp.ru