Иштирок дар оғози кишти пахта бо усули зерипардагӣ дар ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев

Чоп
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев аз наздик ошно гардиданд.

Тавре маълум гашт, ҷамъияти мазкур ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ҳудуди ноҳия ба шумор меравад.

Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул буда, дар он заминҳои корами он ғалладонагӣ ва сабзавот низ кишт карда мешавад. Ҳамчунин ҷамъияти мазкур дар масоҳати 603,55 гектар замин боғ бунёд намудааст, ки  феълан нашъунамои хуб дорад.

 

Тавре дар ҷараёни боздид аз намоишгоҳ иттилоъ доданд,  Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2245 саҳмдор дошта, айни замон дар ихтиёри худ 17217, 54 гектар замин дорад ва дар он 659 нафар шаҳрвандони кишвар ба таври доимӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ҷамъият ба зотпарварии  чорвои калони шохдор машғул буда, айни замон  саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.

Дар ин рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7-и ҷамъияти мазкур ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшиданд.

Тавре маълум шуд, имсол танҳо дар ҳамин бригада дар масоҳати 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки аз ин 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои масъулин, кишти пахта бо усули зерипардагӣ имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гашта, ҳамзамон аз лиҳози ҳосилнокӣ низ бартарияти зиёд дорад. Ҳамчунин ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.

Бригадаи рақами 7-и ҷамъият ғайр аз пахта ҳамчунин дар масоҳати 2 гектар картошка, 1 гектар, сабзавот ва 19 гектари дигар зардолу парвариш мекунад ва ҳамасола аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меорад.

Аснои суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва баланд бардоштани самаранокии замин ба деҳқонон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

freejoomlatemp.ru