CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  112
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  399
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Events in customs

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  285
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  327
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  692
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2582
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2374
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5106
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

December 2017
16
Saturday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday91
mod_vvisit_counterYesterday3973
mod_vvisit_counterThis week22503
mod_vvisit_counterThis month68604
mod_vvisit_counterAll days2477350

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Frontpage Slideshow | Copyright © 2006-2011 JoomlaWorks Ltd.

Боздошти ашёи истифодашуда ва нав дар нақлиётҳои тамғаи "Даф"

Print PDF

Ҳангоми амали намудани назорати гумрукӣ дар дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки Исфара шаҳрванд К.Ш. барои ворид намудани молҳои хоҷагии пеш мавриди истифода қарор дошта тавассуги нақлиётҳои тамғаи "Даф" рақами қайди давлатиашон 09 KG 822 AA G ядаки он 024 ВТ ва В 9708 AZ, ядак он 615BW ба гумрук муроҷиат карданд.

Тибқи дархости онҳо эъломияҳои гумруки №762221/161017/0005160 ва №762221/161017/0005160 тартиб дода шуд. Ҳангоми пурсиш шаҳрванд К.Ш. аз мақомоти гумрук молҳои ба мақсади тиҷорат ворид кардаашро дар зери молҳои қаблан истифодашуда пинҳон намуда бо ин мақсад мехост ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ ворид намояд.

Read more...

Пешгирии воридоти ғайриқонунии пиёз бо “Мерседес-Бенс”

Print PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар наздикии ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами қайди давлатиаш 95 00 СТ 02 РТ, таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳ.М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 8 ҳазор килограмм сабзавоти намуди пиёз, дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд Ҳ.М. соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара тааллуқ доштааст.

Read more...

Ошкор намудани моли ғайриқонунӣ дар анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара»

Print PDF

Аз тарафи кормандони Гумруки Исфара-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёт дар якчоягӣ бо кормандони прокуратураи шаҳри Исфара дар анбори ҶДММ «Заводи равғанбарории Исфара» воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 71, ки аз тарафи шаҳрванд Р.С. мавриди истифодабари қарор дорад, аз муоинаи гумрукӣ гузаронида шуд.

Read more...

Пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ба маблағи 455 ҳазору 783 сомонӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд»

Print PDF

Аз тарафи кормандони шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд санаи 7-уми октябри соли 2017 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Хуҷанд» наздикии маҳаллаи Ғаламайдони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи Камаз-53212 рақами қайди давлатиаш 5497 АО 02 таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон У.М. барои муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Ҳангоми муоинаи гумруки муайян гардид, ки дар бордони нақлиёти мазкур молҳои гуногуни хоҷагӣ аз ҷумла: чархҳо барои буридани оҳан 57 ҳазору 650 адад, масолеҳи сохтмонии сангӣ 180 адад, қубури рахдори резинӣ 27 ҳазору 400 метр, қуборчаи резинӣ барои газ 13 ҳазору 250 метр, таҷҳизоти барқӣ 31 ҳазору 850 дона, мех-дюбл 691 килограмм, сепаратор 98 дона ва зарфҳои обҷӯшонак 3 ҳазор дона дарёфт карда шуд.

Read more...

Конститутсия бахтномаи миллат

Print PDF

3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 23-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук Турсунзода Азим Ҳайдар, сардори шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати шахсии мақомоти гумрук ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Read more...

Боздошти 1000 кг нуриҳои менералии истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Бобоҷон Ғафуров

Print PDF

Санаи 2-юми ноябри соли 2017 дар роҳи нақлиётгарди Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Дэу-Лабо” таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.М. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур халтаи вазнаш 50 килограмм дар ҷамъ ба миқдори 1000 килограмм нуриҳои менералии намуди селитраи истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи шаҳрванд Н.М. соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Ленин тааллуқ доштааст.

 

Read more...

Пешгирии воридоти моли беборхати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Спитамен

Print PDF

Санаи 1 – уми ноябри соли 2017 дар роҳи нақлиётгарди Спитамен воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 83 75 ВО 2 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.У. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 1000 донна моеъи саршуии намуди «Шампун» - и ғунҷоишаш 130 мл истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт гардид, ки моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Г. соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен тааллуқ доштааст.

Read more...

Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо беш аз 1 миллион сомонӣ моли қочоқи соҳибкори тоҷик

Print PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳ.А. бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, 26-уми октябри соли 2017 ба воситаи автомашинаи тамғаи «Хова» рақами қайди давлатиаш О 91 06 АG ядакаш 830 ВR аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 3 номгӯй мол тунука, масолеҳи пластикӣ барои парда ва матоъро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

Read more...

Ҳайдаров ба маблағи зиёда аз 5 миллиону сомони моли қочоқ ворид намуд

Print PDF

Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкунҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҳайдаров Азизжон Нумонович соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Рӯдакӣ 98, хонаи 6, , бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, 22-юм ва 28-уми сентябри соли 2017 бо воситаи автомашинаҳои тамғаи "Долун" рақами қайди давлатиашон 47 36 00 01 ядакаш 0300АА07, 62 03 00 01 ядакаш 2248АА01, 89 96 ВХ 01 ядакаш 1607АА01, 82 19 АТ 01 ядакаш 1630АА01 ва 82 21 АТ 01 ядакаш 1593АА01 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 50 номгӯйи молу маҳсулотҳои ниёзи мардум, таҷҳизотҳои техникӣ, қисмҳои эҳтиётии автомашинаҳо ва дигар молҳои ниёзи мардумро бидуни барасмиётдарории гумрукӣ вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон кардааст.

Read more...

ҶДММ «Файзимоҳ» ба 13 миллион сомонӣ тариқи қочоқ мол ворид намудааст

Print PDF

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар амборхонаи воқеъ дар кӯчаи Кофарниҳон 78/2, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 18 адад автомашинаи тамғаи «Долун» рақами қайди давлатиашон 12 75 СР 01, 12 80 СР 01, 30 53 СЕ 01, 90 43 ВА 01, 12 78 СР 01 ядакаш 190 ZР, 34 67 АА 04 ядакаш 0042 АА 04, 19 84 ВА 01 ядакаш 216 ОС, 291 ХЕ 01 ядакаш 665 ZР, 12 85 СР 01 ядакаш 943 СД, 175 ХЕ 01, 04 14 АК 01, 285 ХЕ 01 ядакаш 2090 ОР, 51 83 ВХ 01 ядакаш 1514 АА 01, 73 90 ЕО 01 ядакаш 0414 ВА 01, 14 80 ВА 01, 14 81 ВА 01 ядакаш 398 СР 01, 13 86 СР 01 ядакаш 380 СР 01 ва 76 54 АВ 01 ядакаш 08 01 АА 01 бо молу маҳсулоти ниёзи мардум масолеҳи сохтмонӣ, ширешҳои гуногун, таҷҳизоти техникӣ, либосҳои гуногун, телевизор ва дигар молҳои ниёзи мардум боздошт карда шуд.

Read more...

Боздошти сӯзишвории дизелии беборхат

Print PDF

Санаи 25-уми октябри соли 2017, аз тарафи кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар роҳи нақлиётгарди шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 5430 ВК 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон З.Р. қарор дошт барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 25 адад зарфи ғунҷоишашон 20 литр дар маҷмӯъ ба миқдори 500 литр сузишвории дизелӣ дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда шаҳрванд З.Р. соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Хизтеварз тааллуқ доштааст.

Read more...

Қочоқи 2000 килограмм гандум бо нақлиёти “Портер”

Print PDF

Санаи 25-уми октябри соли 2017 дар роҳи нақлиётгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воситаи нақлиёти тамғаи «Портер», рақами қайди давлатиаш 5316 СН 02 РТ таҳти ронандагии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Ғ. қарор дошт, барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шуд.

Дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур 2000 килограмм гандуми истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистон дарёфт гардид, ки моли мазкур ба худи ронанда, шаҳрванд Х.Ғ соли таваллудаш 1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ доштааст.

Read more...

Visitors

Legislation

Reestr

Partnerships