CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  112
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  398
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Events in customs

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  285
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  327
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  692
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2582
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2374
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5105
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

December 2017
16
Saturday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday91
mod_vvisit_counterYesterday3973
mod_vvisit_counterThis week22503
mod_vvisit_counterThis month68604
mod_vvisit_counterAll days2477350

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар Хадамот

Print PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle


 

Мувофиқи маълумоти омори гумрукӣ гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба маблағи 4 326,2 млн. доллари амрикоӣ баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 ба маблағи 942,5 млн. доллар кам гардида 82,1%-ро ташкил додааст. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ 3 434,9 млн. доллар ба воридот ва 891,3 млн. доллар ба содирот рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 воридот 863,1 млн. доллар кам гардида 79,9%-ро ташкил додааст, содирот бошад 79,4 млн. доллар кам гардида 91,8%-ро ташкил додааст.

Дар содирот вазни қиёсии асосиро алюминии аввалия, нахи пахта, маъданҳо ва консентратҳо, маҳсулоти меваю сабзавот, пуст ва дар воридот бошад, мавқеи асосиро маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, оксиди алюминӣ (глинозем), чӯбу тахта, воситаҳои нақлиёти сабукрав, гандум, равғани растанӣ, шакар, орд, нуриҳои минералӣ ва семент ташкил медиҳад.

Тиҷорат бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ 2 045,1 млн. доллар ё 47,3% гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки нисбати соли 2014 ба маблағи 380,7 млн. доллар ё 15,7% кам гардидааст. Аз ин маблағ 226,7млн. доллар ба содирот ва 1 818,4 млн. доллар ба воридот мансуб аст.

Дар умум ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Туркия 28,7%, Швейтсария 23,1%, Қазоқистон 16,4%, Эрон 6,7%, Руссия 6,4%, Афғонистон 6,4%, ва Покистон 2,6% марбут мебошад.

Воридоти асосии мол ба мамлакатҳои Руссия 30,5%, Чин 22,2%, Қазоқистон- 16,2%, Туркия 3,9%, Эрон 3,6%, Туркманистон 3,1%, Швейтсария 3,1%, Литва 2,4%, Покистон 1,2% ва Аморати Муттаҳидаи Араб 1,2% рост меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2015 нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17,9% коҳиш ёфтааст.

Хадамоти гумрук дар ин давра ба Буҷети давлатӣ 3 617,2 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ (бо назардошти ҳамаи сарчашмаҳои даромад) ворид намуд, ки 88,2 фоизро ташкил менамояд.

Тавре аз маълумоти дар боло омада бармеояд, иҷроиши нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барои соли 2015 таъмин нагардида, фарқияти он 508,2 млн. сомониро ташкил менамояд.

Ба иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ як қатор омилҳои объективию субъективӣ, таъсири манфии худро расонид.

Аз ҷумла:

- кам ворид гардидани молу воситаи нақлиёт ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- то андозае бо тарзи воқеъӣ тарҳрезӣ нашудани нақшабандии қисми даромади буҷет аз ҳисоби ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ;

- тағйирёбии нархи молу ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ки манбаи асосии ҳисоб намудани маблағи пардохтҳои гумрукӣ мебошад, махсусан паст рафтани нархи маҳсулоти нафтӣ;

- лапишҳои қурби асъори миллӣ нисбати дигар асъори хориҷӣ; - коҳиш ёфтани воридоти молҳое, ки истеҳсолашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст;

- кам ворид шудани маблағҳо аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ва дар ин замина паст шудани қобилияти харидории мардум;

- мушкилоти транзити молҳо тавассути қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вобаста ба вазъи ноороми ин кишвар ва гарон будани қимати тарифҳои транзитӣ дар баъзе аз мамлакатҳои ҳамсоя;

- тафовути калони меъёри андозбандӣ дар мамлакатҳои ҳамҷавор ва то ҳол шаффоф мондани сарҳад миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва ғайра.

Дар маҷмӯъ аз таҳлилҳои гузаронидашуда бармеояд, ки дар соли 2015 дар натиҷаи таъсири омилҳои қайдгардида ва аз ҳисоби коҳишёбии воридот чӣ дар сатҳи миқдор ва чӣ дар сатҳи арзиши гумрукӣ ба буҷети давлатӣ тақрибан маблағи 1 160,5 млн. сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид нагардид, ки он ба 28,3 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории назоратии Хадамоти гумрук дар натиҷаи омӯзиши маълумоти мавҷуда дар маҷмуъ 913 ҳолати нодуруст ситонидани пардохтҳои гумрукӣ ва 4970 ҳолати наситонидани фонди роҳ ошкор карда шуд. Аз ин ҳисоб 45 миллиону 935 ҳазору 450 сомонӣ пардохтҳои гумрукии иловагӣ муайян карда шуда, аз ин нишондод 21 миллиону 311 ҳазору 548 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 миллиону 589 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар натиҷаи баррасии 4902 парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ 4795 нафар шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 41 миллиону 163 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ва 4 миллиону 283 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуд. Инчунин, ба маблағи 342 961 сомонӣ молҳо мусодира гардиданд.

Дар ин давра воридоти ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ 6814 адад, ангиштсанг 1737 тонна, нуриҳои минералӣ – 1540 тонна, семент – 2696 тонна, маҳсулоти қаннодӣ – 39620 кг, лампаҳои тафсон – 59516 адад, меваи тар – 97628 кг, доруворӣ – 52294 дона, матоъ – 67683 метр ва дигар молҳои ниёзи мардум ошкор карда шуда, ба маблағи 1 140 ҳазор сомонӣ ҷарима ва 5471,6 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ба Буҷаи давлат ситонида шуд.

Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ ва назорати гумрукӣ 3 таппонча, 3 яроқи шикорӣ, 1 адад норинҷакандоз, 2 адад норинҷак, 6 адад тирдон бо 175 дона тир, ошкор ва мусодира карда шуд.

 

Partnerships