ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  112
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  398
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  285
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  327
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  692
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2582
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2374
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5105
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
16
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз91
mod_vvisit_counterДирӯз3973
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22503
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68604
mod_vvisit_counterҲамарӯза2477350

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор ва пешгирии воридот ва фурӯши ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Рӯзи 18 ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дохили дафтари ҶДММ «Азия-Сет» ҳангоми азназаргузаронӣ 753 адад телефонҳои мобилии гуногунтамға, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ, бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид карда шудаанд, дарёфт ва гирифта шуд.



 

Арзиши гумрукии телефонҳои мобилӣ 1 миллиону 824 ҳазору 841 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин ҳаракатҳои Б.Ҳ. ва дигарон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса нисбати Б.Ҳ. ва ҳамроҳонаш бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Инчунин, рӯзи 8-уми ноябри соли 2016 ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ дар «Маркази савдои Тоҷикистон», муайян карда шуд, ки аз тарафи 8 нафар соҳибкорон, ба миқдори умумии 276 адад телефонҳои мобилие, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, яъне бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ ворид ва ба фурӯш бароварда шудааст, дарёфт ва гирифта шуд.

 

 

Арзиши гумрукии 276 адад телефонҳои мобилии ғайриқонунии ба фурӯш баровардашуда 390 ҳазору 300 сомониро ташкил медиҳад, ки дар натиҷаи ин амали фурӯшандагон ба давлат зарари калони моддӣ расонида шудааст.

Аз тарафи кормандони гумрук телефонҳои мобилии гаронарзиш, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ, яъне бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бо роҳи қочоқ ворид шудааст, дарёфт ва гирифта шуд.

Аз рӯи ҳодисҳои мазкур бо моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои харидани мол ё воситаи нақлиёте, ки ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риоя кардани қоидаҳои гумрукӣ ворид карда шудаанд, парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеият барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН