ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  41
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  112
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  400
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  285
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  327
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  692
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2582
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2374
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5106
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
16
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз91
mod_vvisit_counterДирӯз3973
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22503
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68604
mod_vvisit_counterҲамарӯза2477350

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

“Терминали Дӯстӣ” барои соҳибкорон шароитҳои муосирро фароҳам меоварад

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Корҳои сохтмонӣ дар “Терминали Дӯстӣ” соли 2014 оғоз гардид ва ҳоло дар асоси нақша бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд.

Бинои маъмурии “Терминали Дӯстӣ” аз 2 ошёна, аз ҷумла 18 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Минбаъд соҳибкорон расмиёти гумрукии молу воситаҳои нақлиётро дар муддати кӯтоҳ ва бе хароҷоти зиёдатӣ дар як ҷой анҷом медиҳанд. Зеро дар бинои маъмурӣ барои фаъолияти мутахссисони тамоми сохторҳои масъул, аз ҷумла, барасмиятдарории гумрукӣ, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Маркази сертификаткунонии кор ва хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт шароит фароҳам оварда шудааст.

 

 

Соҳибкорон, ронандагон ва дилхоҳ муроҷиаткунанда метавонад дар қаҳвахонаи иншооти нав, ки дар як вақт барои то 100 нафар ҷой омода карда шудааст, хӯрок фармоиш диҳанд ва инчунин бо саққобозӣ машғул шуда, фароғати худро комил намояд.

Меҳмонхона аз 17 ҳуҷра иборат буда, дар як вақт барои то 40 нафар пешбинӣ шудааст ва мизоҷон метавонанд аз шароити замонавии хизматрасонӣ барои буду бош, ки ба таври доимӣ ба роҳ монда шудааст, баҳравар гарданд.

Анбори нигоҳдории муваққатии маҳсулот барои 10 нақлиёт пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо дар як вақт барои нигоҳдории то 2500 метри мукааб маҳсулоти гуногун шароит фароҳам аст.

Барои маҳсулоти зудвайроншаванда бошад 8 сардхонаи замонавӣ бунёд ёфтааст, ки маҳсулот дар ҳарорати зарурӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тавақуфгоҳи барҳавою замонавии нақлиётӣ барои 100 мошин пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ, имрӯз дар ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» бо назардошти талаботи сатҳи ҷаҳонӣ имконоти замонавӣ мутобиқи талаботи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин гардидааст.

 

 

Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳи Ғоиб бунёди иншооти нав ва фароҳам овардани шароити мусоидро дар гузаргоҳи Дӯстӣ барои барасмиятдарории гумрукии молу маҳсулот аз самараи сулҳу субботи сартосарӣ арзёбӣ намуда, ба Пешвои миллат , Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори сипос намуд.

Қаламрави ҶДММ «Терминали Дӯстӣ» 5 гектарро ташкил намуда, дар иншооти гуногуни он 50 нафар бо ҷойи кори доим таъмин шудаанд ва минбаъд бо бештар шудани талабот барои хизматрасонӣ шумораи коргарон ба 100 нафар расонида хоҳад шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН