ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

TajikRussianEnglish

Маълумоти криминалӣ

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  40
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  111
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  398
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Рӯйдодҳои гумрукӣ

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  284
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  326
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  691
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Нишастҳои матбуотӣ

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2581
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2373
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5105
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Боду ҳаво

Тақвим

Декабр 2017
16
Шанбе
BuaXua Calendar

Омор

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз83
mod_vvisit_counterДирӯз3973
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта22495
mod_vvisit_counterДар ин моҳ68596
mod_vvisit_counterҲамарӯза2477342

RILO Москва

Кодекси «ГУМРУК»

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Интиқоли ғайриқонунии маҳсулотҳои нафтӣ аз қабили сӯзишвории «бензин»

Чоп PDF
Новые флеш игры.
Шаблоны Joomla здесь.
Здесь новыешаблоны dle

Шаҳрванд А. А., соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Эҳсонбобо ва шаҳрванд Ҷ. Э., соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, кӯчаи Р. Озод – 21 ва дигарон барои интиқоли ғайриқонунии сӯзишвории «бензин» аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд интиқол додан то ба шаҳри Душанбе маслиҳати пешакӣ намуда, ба воситаи деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон рафта, аз онҷо маводи сӯзишвории навъи «бензин» - ро бо вазни умумии 41 тоннаву 540 литр аз «Чингиз» ном шахси номаълум ба маблағи умумии 124 ҳазору 620 сомонӣ харидорӣ менамоянд ва тавассути воситаи нақлиётӣ дар боло зикршуда, ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд.

 

 

Баъдан, тибқи маслиҳати пешакӣ шаҳрванд Ҷ. Э. ҳуҷҷатҳои қалбакии тайёркардашударо, (аз қабили борхат, санад ва декларатсияи бори гумрукии қаблан барои маводи сӯзишвории навъи «бензин» воридшуда) гирифта 41 тоннаю 540 литр сӯзишвории навъи «бензин» - ро ҳамчун маҳсулоти ҶДММ «Газпром - Нефт Тоҷикистон» тавассути автомашинаи зикршуда ғайриқонунӣ ба шаҳри Душанбе интиқол медиҳад.

Тибқи мактуби ҶДММ «Газпром - Нефт Тоҷикистон» ҳуҷҷатҳои зикршуда қалбакӣ буда, аз ҷониби мутахассиси бақайдгирии ширкати мазкур шаҳрванд Н. М. ғайриқонунӣ тайёр карда шудааст.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нафтии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) дар дохили зарфи оҳанини махсусгардонидашудаи воситаи нақлиёти тамғаи «Фотон» рақами давлатиаш ТJ 91 - 29 АD 02 маводи сӯзишвории навъи «бензин АИ - 80» мавҷуд мебошад.

Арзиши 41 тоннаву 540 литр маводи сӯзишвории навъи «бензин АИ - 80» мувофиқи мактуби шуъбаи пардохтҳо ва назорати арзии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе 129 ҳазору 177 сомониро ташкил медиҳад.

 

 

Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрвандон А. А., Ҷ. Э. ва дигарон бо аломатҳои моддаи 289, қисми 2 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШАРИКОН