CUSTOMS SERVICE UNDER THE GOVERNMENT OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

TajikRussianEnglish

Criminal Summaries

Боздошти сӯзишвории дизелӣ ва тахтаи бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда

15.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  41
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...
Оғози парвандаи ҷиноятӣ барои воридоти маводи тарфгарӣ дар Суғд

13.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  112
Санаи 8-уми декабри соли ҷорӣ дар минтақаи наздисарҳадии...
Боздошти телефонҳои мобилии беҳуҷҷат дар маркази савдои «Тоҷикистон»

05.12.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  400
Аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии...

Events in customs

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ

24.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  285
Имрӯз дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида...
Вохӯрии Сардори Хадамоти гумрук бо Сафири Ҷумҳурии Беларус

23.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  327
Санаи 22-юми ноябри соли ҷорӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...
Конститутсия бахтномаи миллат

03.11.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  692
3-юми ноябри соли равон дар толори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати...

Press conference

Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

18.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2582
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...
ЭЪЛОН

17.07.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  2374
Санаи 18 - уми июли соли равон соати 1000 дар...
Нишасти матбуотии Хадамоти гумрук

17.01.2017 |  ХАДАМОТИ ГУМРУК |  5106
Имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки...

Сlimate

Calendar

December 2017
16
Saturday
BuaXua Calendar

Visitors

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterToday91
mod_vvisit_counterYesterday3973
mod_vvisit_counterThis week22503
mod_vvisit_counterThis month68604
mod_vvisit_counterAll days2477350

RILO Moscow

Customs Code

Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Festival

Print PDF

Таманниёти Сардори Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб
ба муносибати 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо шукронаи ин неъмати бебаҳо Шуморо ҳамкасбони азиз ба муносибати 26 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба аҳли хонадонатон тандурустиву хушбахтӣ ва сарбаландиву некномиро таманно дорам.

Ҷашни Истиқлолият муборак!

Print PDF

Табрикоти сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб, ба муносибати иди саиди Қурбон

Ҳамватанони азиз !

Шуморо бо фарорасии Иди Қурбон, ки саршор аз арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ аст, самимона табрик мегӯям ва бароятон хонаи обод, саломативу сарбаландӣ ва барори кор орзу менамоям.

Фарҳанги бузурги исломӣ волотарин арзишҳои маънавӣ ва ҳаётиро, аз қабили омӯзиши илму маърифат, покизагиву накӯкорӣ, меҳнати ҳалол, дӯстиву рафоқат, созандагиву бунёдкорӣ ва таҳаммулгароӣ талқин мекунад ва аҳли ҷомеаро ҳамеша барои иҷрои чунин амалҳои нек ҳидоят менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр намуданд: “ҳадафи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабулшуда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузаронидани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро, ки то ҳанӯз дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд, мегиранд.

Read more...

Иди пирўзӣ - Рўзи Ғалаба муборак!

Print PDF

 

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ва самимияти бепоён ҳамаи Шумо, собиқадорони ҷангу меҳнатро табрик гуфта, бароятон фазои ҳамешагии сулҳу оромӣ ва саломативу сарбаландӣ орзу дорад!

Бигузор ҳамеша осмони кишварамон софу беғубор, хуршеди бахт партавафшон, гули умеди ҳар пиру ҷавон шукуфон бошад!

Рӯзи Ғалаба муборак!

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Print PDF

Таманниёти Сардори Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Абдуфатоҳи Ғоиб
ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз

 

Басо рамзист, ки ҳамасола бо омад - омади баҳори нозанин, мо иди фархундаву бостонии миллиамон - Наврӯзи Аҷамро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем.

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо накӯтарин таманниёти самимӣ ба Шумо, ҳамкасбони гиромӣ таҳният гуфта, орзӯи онро дорам, ки файзу нусрат ва шукӯҳи ин ҷашнҳои фархунда бароятон иқболу саодат, сулҳу амонӣ, саодати рӯзгор, хушбахтию хушрӯзӣ ва комёбиҳои беназир оварад.

Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои Соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳо буда, нишонаи пешрафти тафаккури созандаву бунёдкоронаи мардуми ориёинажод мебошад.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан, инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем”.

Read more...

Иди модарон муборак!

Print PDF

Бонувони азиз!

Шуморо бо ин ҷашни пуршукӯҳ, Рӯзи Модар аз замири қалб табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки Шумо барои хизмамтҳои софдилонаатон баҳри ҳифзи манфиятҳои иқтисодӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз комёбиҳои беназирро орзумандем.

Зан симои барҷастаи ҳаёт ва нерӯи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату сабурии худ чун шамс ҳамеша мунавваркунандаи қалбҳост. Ӯ на танҳо пояи устувори зиндагӣ ва такягоҳи мардон, балки пешбарандаи асосии ҳаёти сиёсию ҷамъиятии кишвар низ мебошад.

Read more...

Partnerships